Ёвари шуъба дар филиали н. Муминобод

Мӯъминобод
Санаи ҷойгиршавӣ: 19.04.2024 11:33 ID эълон: 11654612
  • Таҷриба: Бе таҷриба
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: к. Ҷаббор Расулов 9
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Кори Бонкӣ

Уҳдадориҳои асосӣ:

• Ба шакли стандартӣ таҳия намудан ва чоп кардани ҳама намуди шартномаҳо;

• Фаҳмонидани ҳамаи шартҳо, уҳдадориҳои тарафҳо ба мизоҷон ва шахсони алоқаманд;

• Ба файл ҷойгиркунӣ ва архивонидани ҳуҷҷатҳо

• Санҷиши пуррагии ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар парвандаи қарзӣ/амонатӣ;

• Санҷиши дуруст пуркунии варақаҳое, ки парвандаи қарзӣ/амонатӣ дар бар гирифтааст;

• Ислоҳ ва тасҳеҳи ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда ва риоянашавӣ дар парвандаи қарзӣ/амонатӣ (дар шакли электронӣ ва чопӣ/коғазӣ);

• Пешбурди баҳисобгирии парвандаҳои қарзӣ/амонатӣ тибқи расмиёти тасдиқгардида;

Талабот нисбати номзадон:

• Таҳсилоти олӣ (таҳсилоти олии нопурра мумкин аст)

• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони узбеки хуш пазируфта мешавад)

• Дониши барномаҳои компютерӣ: Word, Excel, Internet Exp. Ва ҳоказо.

• Малакаҳои аълои муошират ва ташкилӣ

• Дақиқкорӣ, покизакорӣ ва масъулият

• Маҳорати кори дастаҷамъона

• Қобилият зудомўзӣ.

• Ташаббускорӣ.

________________________________________

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

________________________________________ Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 02 майи соли 2024 ба суроғаи н. Муминобод, шаҳраки Ленинград, кӯч. И. Сомони 29, идораи ФТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 572 23 44

Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!

Шартномавӣ
ФИНКА Таджикистан ФИНКА Таджикистан

Дар сайт аз май, 2016

Дигар молҳои ин фурӯшанда
Ба дигарон гуфтан
×

You need to pass document verification to proceed
Take a photo of document
Scan your face by camera
Pass document verification
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Your document verification is now being processed.
This usually takes up to 60 minutes.
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Error 400
Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления