Нархнома

 

  1. Нархи хизматрасонӣ ҳангоми фармоиши он вобаста ба хусусиятҳои худи хизматрасонӣ (зербанд, минтақа, нишондиҳандаҳои эълон, миқдори онҳо ва ғайра) муайян карда мешавад ва ба Истифодабаранда пеш аз анҷомдиҳии фармоиши хизматрасонӣ дар интерфейси истифодабаранда бо воҳиди пули давлатии сомонӣ хабар дода мешавад.
  2. Нархи хизматрасонӣ ҳама андозҳоро, аз ҷумла ААИ-ро, дар бар мегирад.
  3. Маблағи гузаронидашуда ба суратҳисоби истифодабаранда, ҳангоми пуркунӣ аз ҳамёнҳои насбшуда дар iOS-барномаҳо (Apple® App Store® In-App Purchase) ва Android-барномаҳо (Google® Play) дар интерфейси худи барнома нишон дода шуда, метавонад аз маблағи бо сомонӣ нишондодашуда, ҳангоми мубодилаи асъор бо қурби Бонки Миллии Тоҷикистон дар рўзи харид, фарқият дошта бошад.
  4. Somon.tj ҳуқуқ дорад, ки бидуни огоҳии махсус ба Истифодабаранда, яктарафа нархҳои хизматрасониҳоро бо роҳи муқаррар кардани нархҳои (тарофаҳои) нави хизматрасониҳо, ки барои шиносоӣ тавассути интерфейси Somon.tj ҳангоми фармоиши хизматрасониҳо дастрас аст, тағйир диҳад. Истифодаи хизматрасониҳои қаблан фармоишшуда бо нархҳои нав (тарофаҳо) маънои розигии Истифодабарандаро ба чунин тағйиротро дорад. Пардохти хизматрасониҳо аз ҷониби Истифодабаранда бо нархҳои (тарофаҳои) хизматрасониҳо дар лаҳзаи пардохт амалкунанда иҷро карда мешавад.
  5. Нархи хизматрасонӣ вобаста ба талабот ба хизматрасонӣ дар зербанди махсус ва дар асоси нархномаи дар поён овардашуда муайян карда мешавад. Барномаи маҷмӯи дохилии сомона, ки бо ёрии зеҳни сунъӣ амал мекунад, дар шакли мустақим нархҳоро ҳам ба самти поён ва ҳам ба самти боло ҳисоб мекунад.
  6. Дар зербанди "Иҷораи якшабонарӯзаи хона, ҳавлӣ ва дача" ворид кардани эълон аз 2-юм сар карда, пулакӣ мешавад
  7. Дар зербандҳои "Мебел барои хонаи хоб" ва "Мебел барои меҳмонхона" ворид кардани эълон аз 51-ум сар карда, пулакӣ мешавад

 

Нархномаи асосӣ барои хизматрасониҳо

 

Хизматрасонии «Нав кардани сана»:

  • Зербанди «Мошинҳои сабукрав» — аз 2 то 4 сомонӣ (яккарата);
  • Зербанди «Фурўши хонаҳо» — 3 сомонӣ (яккарата);
  • Зербанди «Фурўши ҳавлӣ ва дача» , «Телефонҳои мобилӣ» , «Хизматрасонии сохтмонӣ ва таъмирӣ» — 2 сомонӣ (яккарата);
  • Дигар зербандҳо — 1 сомонӣ (яккарата).

 

Хизматрасонии «Дар ТОП ҷойгир намудан»:

  • Бандҳои «Амволи ғайриманқул» , «Нақлиёт» — аз 1 сомонӣ барои як рӯз;
  • Дигар зербандҳо — аз 0,25 сомонӣ барои як рӯз.

 

Хизматрасонии «Премиум эълонҳо»:

  • Ҳама бандҳо — аз 1 сомонӣ барои як рӯз.

 

Хизматрасонии "Эълонҳои пулакӣ":

  • Зербанди "Иҷораи якшабонарӯзаи хона, ҳавлӣ ва дача" - аз 0,22 сомонӣ барои як рӯз;
  • Зербандҳои "Мебел барои хонаи хоб" и "Мебел барои меҳмонхона" - аз 0,12 сомонӣ барои як рӯз

 

Error 400
Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления