Сиёсати махфияти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рашод»
(Таҳрир аз «03» ноябри соли 2025)
1. Истилоҳот ва мафҳум:
Ҷамъият – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рашод»,ҶДММ «Рашод», шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст ва амал менамояд, РМА: 030016112, РЯМ: 0310007280 , суроға: ш. Душанбе, куч. Пушкин 10, х. 13;
Сиёсати махфият – Сиёсати махфияти мазкур;
Сомонаи Somon.tj – интернет-сомонаи www.somon.tj, инчунин замимаҳои Somon.tj барои дастгоҳҳои мобилӣ дар асоси системаҳои оператсионии iOS, Android, ки аз ҷониби Ҷамъият идора карда мешаванд ва платформаи коммуникатсионӣ барои ҷойгир намудани эълонҳои Истифодабарандагон мебошад;
Истифодабарада – дилхоҳ шахсони воқеии қобили амал, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, ки аз Сомона, хизматгузорӣ ва хизматрасонии ба он алоқамандро истифода мебаранд.
2. Муқаррароти умумӣ
Сиёсати махфият тартиби коркарди маълумоти Истифодабарандагонро , ки бо истифода аз Сомона ҷамъоварӣ шудааст, тавсиф менамояд ва бояд барои ҳамаи сомонаҳои Ҷамъият, ки таҳти маъмурияти он қарор доранд, татбиқ карда шавад, аз ҷумла: интернет-сомонаи www.somon.tj, Барномаҳои Somon.tj барои дастгоҳҳои мобилӣ дар асоси системаҳои оператсионии iOS, Android, ки аз ҷониби Ҷамъият идора карда мешаванд ва платформаи коммуникатсионӣ барои ҷойгир намудани Эълонҳои Истифодабаранадагон мебошанд.
3. Бехатарӣ
3.1. Ҳамаи маълумоте, ки Истифодабарандагон ба Ҷамъият пешниҳод менамоянд, бо воситаҳои техникӣ ва тартиботи таъмини бехатарӣ бо мақсади пешгирии дастрасии беиҷозат ё истифодаи маълумот дар доираи оқилона ҳифз карда мешаванд. Шахсони ҳамгирошуда (аффилирӣ) бо Ҷамъият, шарикони боэътимод ва таҳвилкунандагони ғайр уҳдадор мешаванд, ки маълумоти аз Ҷамъият гирифташударо тибқи талаботи амният ва Сиёсати махфияти мазкур истифода баранд.
3.2. Истифодабарандагон бояд донанд, ки ҳангоми гузаштан ба баъзе истинодҳои дар Сомона ҷойгиршуда, онҳо метавонанд ба сомонаҳои (барномаҳо ва ғайра) ширкатҳои дигар берун аз фазои хостингии Ҷамъият равона карда шаванд, ки дар он маълумот дар бораи Истифодабарандагон берун аз назорати мустақими Ҷамъият ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо, тартиби коркарди маълумот аз ҷониби сиёсатҳои махфияти сомонаҳо ё барномаҳои шахсони сеюм танзим карда мешавад.
4. Маълумоте, ки Ҷамъият қабул менамояд:
4.1. Маълумот дар бораи сабти бақайдгирӣ: ҳангоми эҷод кардани сабти бақайдгирии истифодабаранда дар Сомона, Истифодабаранда ба Ҷамъият маълумоти зеринро пешниҳод менамояд:
- суроғаи почтаи электронӣ,
- телефон барои тамос.
Инчунин Истифодабаранда ҳуқуқ дорад дилхоҳ номи сабти бақайдгирии худро эҷод намояд. Дар бар гирифтани насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ ё маълумоти дигари шахсии ӯ дар сабти бақайдгирӣ ҳатмӣ намебошад.
Сабти бақайдгирӣ ба Истифодабарандагон имкон медиҳад, ки бо ҳамдигар тамос гиранд, то ба пешниҳодҳои худ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Истифодабарандагон барои ҳама маълумоте, ки аз ҷониби онҳо дар сабтҳои бақайдгирии дастраси умум ҷойгир шудааст, масъуланд. Истифодабаранда бояд ҳама хавфҳоеро, ки бо дастрас кардани баъзе маълумот алоқаманд мебошанд, аз ҷумла суроға ё маълумот оид ба ҷойгиршавии дақиқи онҳо, бодиққат баррасӣ намояд.
4.2. Эълон ва Аҳдҳо: дар доираи фаъолияти Сомона маълумоте, ки Истифодабаранда ҳангоми эҷоди сабти бақайдгирӣ пешниҳод намудааст, барои бастани аҳдҳо байни Истифодабарандагони гуногуни Сомона, фиристодани паёмҳо ва муоширати Истифодабарандагон байни худ, барои амалӣ намудани пардохтҳо истифода мешавад. Истифодабарандагон барои тамоми маълумоте, ки онҳо дар Сомона ҷойгир кардаанд, масъуланд. Ҷамъият саволнома, резюме ва маълумоти дигари Истифодабарандагонро, ки Истифодабарандагон мустақилона ва бевосита ба корфармоёни эҳтимолӣ пешниҳод менамояд, ҷамъоварӣ ва нигоҳ намедорад. Истифодабаранда бояд ҳамаи хавфҳои марбут ба он, ки маълумоти муайян – махсусан суроға ё маълумоти дигари шахсӣ - дастраси умум менамояд, бодиққат баррасӣ намояд.
4.3. Бозиҳо, Реклама ва пешбурд: дар ҳолатҳое, ки Истифодабарандагон дар бозиҳо, викторинаҳо ва иқдомҳои дигари маркетингии дар Сомона ташкилшуда иштирок менамоянд, Ҷамъият метавонад маълумоти пешниҳоднамудаи Истифодабарандагонро, ки онҳо ҳангоми эҷоди сабти бақайдгирӣ пешниҳод намудаанд, барои баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои рекламавӣ ва беҳтар намудани хизматгузорӣ ва хизматрасонии худ истифода барад.
4.4. Хизматрасонӣ ба мизоҷон: ҳангоми муроҷиати Истифодабарандагон ба шуъбаи хизматрасонии мизоҷон ё дар шакли дигар муроҷиат намудан, Ҷамъият ҳуқуқ дорад маълумоти Истифодабарандаро барои иҷрои дархости Истифодабаранда ва гирифтани тамоси минбаъда дар ҳолати зарурӣ талаб намояд. Ҷамъият инчунин метавонад бо истифода аз маълумоти мавҷудаи тамосии сабти бақайдгирие, ки Истифодабаранда барои ин мақсад пешниҳод намуда буд, бо Истифодабаранда тамос гирад.
4.5. Интернет-сомона ва маълумоти мобилӣ: Ҷамъият метавонад ба таври худкор маълумоти зеринро гирад ва дар серверҳои худ сабт намояд: маълумот аз браузери Истифодабаранда ё ягон дастгоҳ, аз ҷумла суроғаи IP, таъминоти барномавӣ ва лавозимоти дастгоҳӣ, саҳифаҳои дархосткардаи Истифодабаранда, мушаххасоти (идентификатори) мобилӣ, маълумот дар бораи истифодаи барномаи мобилӣ ва/ё маълумот дар бораи дастгоҳҳои дигари истифодашуда ё маълумоти сатҳи системавӣ. Чунин ҳолат метавонад дар Сомона ё дар барномаи мобилӣ ё дар хизматгузории шахсони сеюм амалӣ гардад. Маълумоти иловагӣ дар бораи чӣ гуна Истифодабарандагон метавонанд чунин ҷамъоварии маълумотро назорат ва/ё манъ кунанд, дар зер дар банди 5-и Сиёсати махфияти мазкур оварда шудааст.
4.6 Суроғаи IP, cookies ва мушаххасоти (идентификатори) мобилӣ Дар доираи фаъолияти Сомонаи худ, Ҷамъият метавонад маълумоти муайянро тавассути технологияҳое ба монанди cookies, пикселҳо (pixels) ва маҳзани маҳаллӣ (дар браузери Истифодабаранда ё дастгоҳи мобилӣ) ҷамъоварӣ намояд.
Куки (Cookies) – файлҳои матнии хурд мебошанд, ки маълумотро бевосита дар компютери Истифодабаранда, телефони мобилӣ ё дастгоҳи дигар нигоҳ медоранд.
Пикселҳо (pixels) – тасвирҳои хурди рақамӣ, ки ҷузъи рамзи веб-саҳифаҳо мебошанд, ки ба сервери дигар имкон медиҳанд, ки дидани веб-саҳифаро чен кунанд ва аксар вақт дар якҷоягӣ бо cookies истифода мешаванд. Рамз пайгирӣ мекунад, ки оё ва кай (ва дар кадом саҳифа) пиксел боргирӣ карда мешавад, то ки нишон диҳад, ки Истифодабаранда бо саҳифа ё як қисми саҳифа дар Сомона ҳамкорӣ мекунад.
Бо истифода аз cookies, веб-сервер метавонад, масалан, афзалият ва танзимотро дар компютери Истифодабаранда , телефони мобилӣ ё дигар дастгоҳ(ҳо) нигоҳ дорад, ки баъдан ҳангоми боздиди навбатии онҳо ба таври худкор барқарор карда мешаванд. Ба ибораи дигар, файлҳои cookies, аз ҷумла, барои қулайтар кардани истифодаи Сомона хидмат мекунанд, то Истифодабаранда ҳангоми боздиди навбатии худ раванди воридшавиро такрор накунад. Ҷамъият ҳам cookies - ҳои доимӣ ва ҳам сессиявиро истифода мебарад. Cookies-ҳои доимӣ дар компютери Истифодабаранда муддати тӯлонӣ боқӣ мемонанд, дар ҳоле ки cookies- ҳои сессиявӣ ҳангоми баста шудани равзанаи браузер ба таври худкор нест карда мешаванд.
5. Назорати Истифодабаранда
Дастрасӣ, Ислоҳкунӣ ва Хориҷкунӣ: Истифодабарандагоне, ки сабти бақайдгириро эҷод кардаанд ё дар Сомона эълонҳо гузоштаанд, метавонанд маълумоти пешниҳоднамудаашонро дастрас намоянд, ислоҳ ё нест кунанд. Истифодабаранда барои дурустии маълумоти пешниҳодшуда ё паёмҳое, ки дар Сомона ҷойгир шудаанд, масъул мебошад.
Маълумоти ҷойгиршуда метавонад дар утоқи шахсии Истифодабаранда «Профили ман» дар веб-саҳифаи Сомона ё дар барномаи мобилӣ тағйир ё нест карда шавад.
Интихоби шахсони беруна: баъзе субъектҳои беруна, ки дар Сомона фаъолият менамоянд, ба монанди Google Adwords, ба Истифодабарандагон имкон медиҳанд, ки розигии худро барои ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумоти онҳо барои реклама дар асоси фаъолнокии Истифодабаранда боз хонанд.
Cookies: Аксари веб-браузерҳои асосии компютерии (саримизӣ) ва мобилӣ (масалан, Safari, Firefox, Internet Explorer, Chrome, Opera) унсурҳои идоракуниро таъмин менамоянд, ки ба Истифодабарандагон имкон медиҳанд насби Cookies дар системаҳои Истифодабаранда маҳдуд ё манъ кунанд. Истифодабарандагон бояд ба инобар гиранд, ки ғайрифаъол кардани Cookies барои доменҳои дараҷаи якум (сомонаҳои боздидшуда) ва дигар доменҳо (сомонаҳое, ки ба сомонаҳои боздидшуда алоқаманданд) метавонад дар баъзе мавридҳо ба фаъолияти маҳдуди ин веб-сомонаҳо оварда расонад.
6. Ҳолатҳои интиқоли маълумот ба шахсони сеюм
6.1. Ҷамъият метавонад ба шахсони сеюм, ба монанди таҳвилкунандагони хизматрасонии рекламавӣ ва/ё таҳлилӣ, имкон диҳад, ки бо истифода аз ин намуди технологияҳо мустақиман дар веб-саҳифаи Сомона ё барномаи мобилӣ маълумот ҷамъ намояд. Маълумоте, ки онҳо ҷамъоварӣ менамоянд, тибқи сиёсатҳои махфияти амалкунандаи ин шахсони сеюм ҳифз карда мешаванд.
6.2. Ҷамъият маълумоти Истифодабарандаро ба шахсони сеюм пешниҳод намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки барои ин розигии дахлдори Истифодабарандагон мавҷуд аст.
6.3. Ҷамъият метавонад хизматрасонии таҳвилкунандагони берунаро барои пешниҳоди баъзе ҷузъҳои хизматрасонии худ истифода барад, дар чунин ҳолатҳо таҳвилкунандагон салоҳияти истифодаи маълумоти тавассути Сомона гирифташударо надоранд ва худи маълумот зери амали ин Сиёсати махфият қарор мегиранд.
6.4. Ҷамъият метавонад маълумоти муайяни бехусусиятшуда (маълумоте, ки барои мушаххас намудани Истифодабарандагон ба таври инфиродӣ имкон намедиҳад) ба таҳвилкунандагони берунаи хизматрасониҳо, шарикони боэътимод ё тадқиқотчиёни ваколатдор бо мақсади беҳтар фаҳмидани он, ки кадом реклама ё хизматрасонӣ метавонад барои Истифодабаранда манфиатдор бошад, беҳтарсозии сифат ва самаранокии умумии хизматрасонӣ дар Сомона ё хизматгузорӣ, ё барои саҳм гузоштан ба тадқиқоти илмӣ, ки ба ақидаи Ҷамъият онҳо метавонад манфиатҳои муҳими иҷтимоӣ оранд, интиқол диҳад.
7. Ворид намудани тағйирот ба Сиёсати Махфият
7.1. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки ин Сиёсати махфиятро баъзан нав кунад. Таҳрири нави Сиёсати махфият аз лаҳзаи ҷойгиркунии он дар шабакаи Интернет бо суроғаи дар банди мазкур нишондодашуда эътибор пайдо мекунад, агар дар таҳрири нави Сиёсати махфият тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Таҳрири амалкунандаи Сиёсати махфият ҳамеша дар саҳифаи зерин дар суроғаи https://somon.tj/tg/privacy/ ҷойгир аст.
7.2. Дар ҳолате, ки агар Ҷамъият ба Сиёсати Махфият ягон тағйирот ворид карда бошад, ки Истифодабаранда бо он розӣ нест, Истифодабаранда вазифадор аст истифодаи хизматгузории Сомонаро қатъ кунад. Далели қатъ накардани истифодаи Сомона тасдиқи розигӣ ва аз ҷониби Истифодабаранда қабул кардани таҳририяти дахлдори Сиёсати Махфият мебошад.